Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данфорд: Ҷанг бо Пхенян "ғайри қобили тасаввур" нест


Акс аз бойгонӣ

"Паёмади ҳалли низомии таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ ваҳшатнок хоҳад буд, аммо иҷоза додан ба Пхенян, ки тавонмандиашро бештар кунад ва ба Амрико зарбаи ҳастаӣ занад "ғайри қобили тасаввур аст"- гуфт генерали Ҷозеф Данфорд, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА.

Данфорд рӯзи 17 август дар Пекин ба хабарнигорон гуфт, ки "президент Доналд Трамп аз мо хостааст, ки бар сари гузинаҳои низомии амалӣ ва қобили эътимод кор кунем ва мо дақиқан ҳамин корро анҷом медиҳем."

Данфорд ба суолҳо дар мавриди шарҳи Стив Беннон, стратеги аршади Трамп посух медод, ки дар сӯҳбат бо матбуот гуфтааст, таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ ва ғаразҳои ҳастаии он ҳалли низомӣ надоранд.

Видеоҳои охирин

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG