Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Твит"-и Обама дар бораи ҳаводиси Шарлотсвилл машҳуртарин шуд


Як навиштаи президенти пешини ИМА Барак Обама дар "Твиттер" баъди задухӯрдҳои шаҳри Шарлотсвилли аёлати Вирҷиния, дар таърихи ин шабака машҳуртарин шуд. Обама дар навиштааш аз нахустин президенти сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела иқтибос овард, ки онро ҳудуди се миллион корбар писандиданд. "Ҳеч кас бо бадбинӣ ба инсони дигар барои ранги пӯст, нажод ё динаш зода нахоҳад шуд", - навишт раҳбари пешини Кохи сафед.

Рӯзи 12-уми август дар шаҳри Шарлотсвилл миёни ростгароён ва чапгароён задухӯрд ба миён омад. Ҳангоми беназмиҳо ба анбӯҳи мухолифони миллатгароён бо мошин ҳамла шуд ап дар натиҷа як зан ҷон дода, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Президенти ИМА Доналд Трамп дар оғоз задухӯрдро маҳкум кард ва дар он ҳамаи ҷонибҳоро айбдор намуд. Трамп гуфт, гурӯҳи ростгаро барои роҳпаймоӣ иҷозат гирифта буданд. Вале ба гуфтаи Трамп мухолифони онҳо иҷозат надоштанд ва бисёр хашмгин рафтор карданд.

XS
SM
MD
LG