Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони шинохтаи Чеченистон дар Грозний нопадид шуд


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бо овозхон Зелимхон Бакаев
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бо овозхон Зелимхон Бакаев

Хешовандони Зелимхон Бақоев мегӯянд, ки овозхони шинохта 8 август нопадид шудаст.

Ба гуфтаи яке аз наздиконаш Бақоев дар Маскав зиндагӣ мекард ва барои иштирок дар тӯи хоҳараш ба Чеченистон рафта буд.

"Ӯ рӯзи 8 август барои коре аз хона баромад ва мо аз он рӯз дигар ӯро надидем, пулис ҳам ба мо чизе намегӯяд"- гуфт ин зан.

Дар Instagram якчанд саҳифа бо номи Зелимхон Бақоев вуҷуд дорад ва овозхон рӯзи 15 август зоҳиран ба яке аз саҳифаҳо ворид шудааст. Аммо як дӯсти Зелимхон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маълум нест ин саҳифа ба ӯ таалуқ дорад ё не.

XS
SM
MD
LG