Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш: Пхенян ба тавлиди муҳаррики мушакҳо муваффақ шудааст


Кореяи Шимолӣ мушкаи байниқоравиро аз санҷиш гузоронд

Хабаргузории Reuters бо такя ба мақомоти истихборотии ИМА мегӯяд, ки Кореяи Шимолӣ ба тавлиди муҳаррики мушакҳо даст ёфтааст ва ба воридоти Текноложии Украина ниёз надорад.

Гузориши Reuters аз рӯзи 15 август, пуштибонии Украинаро таъмин мекунад, ки гузоришҳо дар бораи дастрасии Пхенян ба текноложии мушакӣ тавассути Украинаро рад кардааст. Хабари Reuters ҳамчунин муғоир ба Таҳқиқоти ахири Пажуҳишгоҳи Омӯзишҳои Стратегӣ аст, ки мегӯяд, Кореяи Шимолӣ муҳаррики мушаки баллаистикиро, ки чанде пеш озмоиш дод, аз бозори сиёҳи корхонаҳои Украина ба даст овардааст.

14 август нашрияи The New York Times бо такя ба таҳлили як коршиноси умури мушакҳо ва арзёбиҳои маҳрамонаи истихбороти ИМА навишт, ки "Муваффақияти Кореяи Шимолӣ дар озмоиши мушакҳои баллистикии байниқоравӣ, ки зоҳиран то Амрико мерасанд, аз баракати харидории муҳаққикҳои неруманд дар бозори сиёҳ, эҳтимолан маҳсулоти коргоҳҳои Укриана, ҳосил шудааст.

Аммо сухангӯи Дертаменти Давлатии ИМА Ҳезер Неуерт дар посух ба ин эҳтимол гуфт, ки "дар масъалаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳ Украина собиқаи бисёр қавӣ дорад."

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG