Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Амрико ба Тоҷикистон омад


Майкл Гаррет, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА бо сафари якрӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шудааст. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 16-уми август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, генерал Майкл Гаррет дар ҷараёни сафараш бо бархе аз мақомҳои дифоии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони вазорати дифоъ ва Сарраёсати марзбонӣ, дидору гуфтугӯҳое анҷом диҳад.

Дар назар буд, ки Майкл Гаррет бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дидор кунад. Аммо Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷфикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба далели масруф будани генерал Шералӣ Мирзо ба тамриноти густурдаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд, мулоқоташ бо Майкл Гарретт сурат намегирад. Ба гуфтаи вай имкон доранд, генерали амрикоӣ бо дигар аз раҳбарони вазорати дифоъ дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

Интизор меравад баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ – фаннӣ, амният, тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва таъмини субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон дар меҳвари музокироти Майкл Гарретт бо мақомоти тоҷик бошад.

Зимнан, ин нахустин сафари Майкл Гарретт ба Тоҷикистон аст. Охири соли гузашта ин генерали амрикоӣ бо нахустин сафар ба Қазоқистон ва Узбакистон омада буд. Дар Узбакистон бар иловаи мулоқот бо мақомоти ин кишвар, ӯ аз Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон низ дидан кард.

Аммо дар Қазоқистон зимни баррасии ҳамкориҳои дуҷониба, лоиҳаи нави панҷсола барои солҳои 2018 – 2022 баҳс шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин коршиносон мегӯянд, имкон дорад, генерали амрикоӣ ба Тоҷикистон низ бо пешниҳодоте ташриф овардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG