Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет дар Тоҷикистон дастнорас шуд. Садама ё қарздорӣ?


Бархе аз муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз зуҳри 15-уми август дастрасӣ ба Интернет якбора маҳдуд шуд. Намояндагони баъзе ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карданд.

Як намояндаи ширкати “Интерком” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин вазъ дар пайи садамаи истгоҳ ё ноқилҳои интернетгузар дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба вуҷуд омадааст. Ӯ гуфт, “ба ин далел дар шимоли кишвар тақрибан интернет нест. Дар маркази Тоҷикистон ва минтақаҳои дигар муштариёни баъзе ширкатҳо ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ доранд.”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло муштариёни ширкатҳои Интерком ва Телеком Технолоҷӣ куллан ба интернет дастрасӣ надоранд. Бино ба қавли муштариёни Бабилон, Мегафон ва Тселл онҳо дар ҳоли ҳозир ба Интернет дастрасӣ доранд, аммо суръати интернет хеле заиф шудааст.

Тоҷикистон интернетро асосан аз Қирғизистону Чин мегирад.

XS
SM
MD
LG