Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон даъват кард


Сарбозони ИМА ва Афғонистон дар ҳоли машварат

Гурӯҳи ҷангии Толибон дар як "номаи боз" аз раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп даъват кард, ки Иёлоти Муттаҳида нерӯҳояшро ба ҷойи таҳким додан аз Афғонистон хориҷ кунад. "Таҷрибаи гузашта нишон дод, ки нерӯи бисёр дар Афғонистон ба ҷуз тахриби қудрати низомӣ ва тавони иқтисодии Амрико чизи дигареро ба бор намеорад", - омадааст дар ин нома.

Дар ин номаи иборат аз 1600 калима, ки онро сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ирсол кардааст, ҳамчунин, гуфта мешавад, ки хуруҷи нерӯҳои Амрико метавонад ба ҷанги меросӣ дар Афғонистон хотима гузорад.

Ин дар ҳолест, ки раҳбари Пентагон Ҷим Мэттис рӯзи 14-уми август аз наздик шудани маъмурияти Трамп ба эълони стратегияи низомӣ дар Афғонистон хабар дод.

Теъдоди нерӯҳо, ки дар солҳои 2010-2011 ба сад ҳазор мерасид, ҳоло шадидан коҳиш ёфтааст. Баъд аз хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО, ҳудуди 8,400 сарбози амрикоӣ дар қаламрави Афғонистон боқӣ мондаанд.

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ раҳбари Пентагон Мэттис афзоиши нерӯи иборат аз 4 ҳазор низомиро пешниҳод кардааст, аммо Трамп то ҳол чизеро тасвиб накардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG