Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ҳалокати раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ хабар дод


Амлиёни амниятӣ дар Доғистон
Амлиёни амниятӣ дар Доғистон

Мақомти Русия аз кушта шудани раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ минтақаи хушунатзои Қафқози Шимолӣ хабар доданд.

Кумитаи Миллии зиддитеррористӣ рӯзи 14 август гуфт, раҳбари гурӯҳе, ки бо номи гурӯҳи "Хунзах" машҳур аст, рӯзи 13 август дар ҷараёни амалиёти вежаи амниятӣ дар деҳкадаи Оротаи Доғистон аз байн бурда шуд.

Аз ин мард Хаҷимурод Гадҷиев ном мебаранд, ки солҳо боз дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Русия қарор дошт.

Тасдиқи изҳороти ҷониби Русия аз тарафи манобеи дигар имконпазир нест.

Мақомот гурӯҳи Хаҷимурод Гадҷиевро дар куштори рӯҳонии мусалмон, соли 2014 ва бо роҳи зӯрӣ гирифтани маблағҳои зиёд дар Доғистон муттаҳам мекунанд.

Доғистон ба маркази шӯришҳои мусаллаҳонае табдил шудааст, ки аз ду ҷанги ҷудоихоҳонаи ҳамсоякишвари Чеченистон, дар марҳилаи пасошӯравӣ, об мехурад.

Ин минтақа ҳамчунин ба ҷинояткории муташакил, баҳсҳои сиёсӣ, душмании қавмӣ ва фақр гирифтор аст.

XS
SM
MD
LG