Пайвандҳои дастрасӣ

Терминали нав дар Душанбе барои мусофирони шарқи Тоҷикистон


Барои ҳаракати воситаҳои нақлиётии мусофирбар ба самти шарқи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе терминал ё истгоҳи нав мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи иттилои маркази матбуотии шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи шарқии пойтахти Тоҷикистон ширкати “Озод транс” дар масоҳати тақрибан 1,5 гектар замин сохтмони терминали нави мусофиркашониро анҷом дода, мавриди истифода қарор додааст. Ширкати “Озод транс” барои сохтмони ин терминал ҳудуди 4 миллион сомонӣ сарф карда, дар бинои сеошёнаи он ҳамзамон то 90 нафар метавонанд мунтазири мусофирбарҳо бимонанд.

Ба иттилои маркази матбуотии шаҳрдории Душанбе, аз терминали мусофирбарии «Озод транс», тибқи нақша мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт ба сафар мебароянд, истифода мекунанд. Дар баробари ин, оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасонанд, аз ҳамин маҳал оғоз мешавад.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал, 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои 35 нафар бо шароитҳои олӣ ва миёна мавҷуд аст, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG