Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Амрико хост, ки аз Афғонистон берун равад


Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон.

Як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Русия аз Амрико даъват кардааст, ки ба далели "нокомиааш" дар Афғонистон, ин кишварро тарк кунад. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон рӯзи 14-уми август ба рӯзномаи "Известия" чопи Маскав гуфтааст, ки артиши Амрико натавонистааст дар истиқрори субот дар Афғонистон муваффақ шавад ва ба ин далел, маъракаи Амрико дар Афғонистон номуваффақ будааст.

Ба гуфтаи ин дипломати рус, феълан Афғонистон сарчашмаи терроризми байналмилалӣ мубаддал шудааст. Замир Кобулов нақшаи Амрико барои ба Афғонистон фиристодани зархаридони ширкатҳои хусусии амниятиро "аҳмақона" хонда ва гуфтааст, ки мухолифи ин иқдом аст. Ин дипломат гуфтааст, "зархаридон наметавонанд дар Афғонистон ба истиқрори сулҳ муваффақ шаванд ва онҳо аз ин кишвар хоҳанд гурехт".

Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико дар авохири соли 2001 ба ҳадафи сарнагунии режими Толибон вориди Афғонистон шуданд ва то ба ҳол дар ин кишвар даргири ҷанг мебошанд. То охири соли 2014 Амрико шумораи нерӯҳояшро ба таври чашмрас дар Афғонистон коҳиш дод. Аммо маъмурияти президент Доналд Трамп ахиран тасмим гирифтааст, ки ба Афғонистон нерӯҳои тозанафас ирсол намояд.

XS
SM
MD
LG