Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хост, Куриёи Шимолӣ аз амалҳои таҳрикомез даст бардорад


Амрико мегӯяд, ки Куриёи Шимолӣ бояд рафтори таҳрикомезашро мутаваққиф кунад. Кохи Сафед ин изҳоротро рӯзи 12-уми август, пас аз он баён дошт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ҳушдорҳояшро алайҳи Куриёи Шимолиро зиёд сохт ва бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин низ суҳбат кард.

Телевизиони давлатии Чин гузориш дод, ки Си Ҷинпин аз ҳамтои амрикоиаш хостааст, аз ҳарфҳо ва аъмоле, ки боис ба афзоиши вазъияти бе ин ҳам муташанниҷ дар нимҷазираи Куриё шуда метавонад, худдорӣ намояд.

Доналд Трамп рӯзи 11-уми август гуфт, ки истифода аз интихоби низомӣ алайҳи Куриёи Шимолӣ омад ва рӯи даст аст.

Рӯзи 8-уми август баъди нашри матлаб дар нашрияи Washington Post дар бораи зарфиятҳои Куриёи Шимолӣ дар бахши силоҳи ҳастаӣ, президенти Амрико гуфт, посухи Вашингтон ба амалҳои Пхенян "оташ ва хашм" хоҳад буд. Нашрия бо такя ба манбаъҳояш аз бахши иктишофии ИМА навишт, ки Куриёи Шимолӣ тавонистааст, барои мушакҳояш кӯлоҳакҳои ҳастаӣ тавлид кунад.

Пхенян дар посух ба изҳороти Трамп гуфт, ки “нақша”-и сар додани мушакро ба наздикиҳои ҷазираи Гуами уқёнуси Ором дорад. Ин ҷазира дар ихтиёри ИМА аст. Куриёи Шимолӣ гуфт, ин зарбаҳо ҳушдор ба Амрико хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG