Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби тақсими "одилона"-и курсиҳои донишҷӯӣ дар Остона


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон волидон ва наздикони довталабон назди бинои вазорати маориф ва илми он кишвар ҷамъ омада, аз тақсими "ноодилона"-и грантҳои таълимии давлатӣ изҳори норизоӣ карданд.

Ҷамъомадагон мегӯянд, дар бархе аз ихтисосҳои мушаххас довталабоне қабул шудаанд, ки камтар аз фарзандони онҳо хол ба даст овардаанд.

Дар Маркази миллии тестии Қазоқистон соли ҷорӣ бештар аз 88 ҳазор хатмкунанда ҳуҷҷат супоридаанд. Аз ин шумор наздики 14 ҳазор натавонистанд аз 50 хол бештар гиранд ва шонси шомил шудан ба донишгоҳро аз даст доданд.

Вазорати маориф ва илми он кишвар ваъда додааст, ки вазъиятро баъдтар шарҳ хоҳад дод. Волидон ва наздикони довталабон аз назди вазорат рафтан намехоҳанд. Онҳо ҷавоби расмии вазоратро интизоранд.

XS
SM
MD
LG