Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп Путинро ташаккур кард. Дипломатҳо норозӣ шуданд


7 июл мулоқоти нахустини президентони ИМА ва Русия баргузор шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп раҳбари Русия Владимира Путинро барои тасвиби қарори то 755 нафар коҳиш додани шумори кормандони муассисаҳои дипломатии ИМА дар қаламрави кишвараш ташаккур кард ва гуфт, ки ин тасмим маблағҳои зиёди буҷаро сарфа хоҳад кард. Дар ҷараёни сӯҳбаташ бо хабарнигорон дар Ню-Ҷерсӣ ӯ гуфт, ки маъмурияти ӯ барои коҳиши хароҷоти буҷа талошҳое анҷом медиҳад, ва, ба гуфтаи ӯ, президенти Русия ба онҳо «кӯмак» кард.

Хабарнигороне, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, баъдан гуфтанд, ки нафаҳмиданд, ин лаҳни Трамп шӯхӣ буд ё ҷиддӣ. Хабаргузории Reuters ва расонаҳои дигар гуфтанд, ки бисёр ходимони Департаменти давлатӣ аз лаҳни президент хеле норозӣ шуданд.

Русия дар шарҳи қарораш оид ба коҳиши шумори дипломатҳои амрикоӣ ва консулгариҳо гуфт, ки ин посух ба тасмими аз ИМА берун кардани 35 дипломати амрикоӣ мебошад. Ин тасмим ҳанӯз декабри соли гузашта аз ҷониби маъмурияти президенти собиқ Барак Обама дар посух ба мудохилаи Русия ба ҷараёнҳои интихоботии ИМА гирифта шуд.

Нашрияи "Коммерсант" гуфт, ки ИМА то рӯзи 1 сентябр аз Русия баста шудани яке аз чаҳор консулгарии ин кишвар дар хоки ИМАро талаб карда метавонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG