Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф: Додгоҳи олӣ бо барканории ӯ "раъйдиҳандагонро таҳқир кард"


Нахуствазири барканоршуда Навоз Шариф дар ҳоле, ки дар рӯзи дуюми раҳпаймоии тарафдоронаш иштирок мекард, Додгоҳи олии Покистонро барои аз мақом берун кардани ӯ интиқод кард. Шариф, ки шаби гузашта дар шаҳраки Ҷаҳлум қарор дошт, дар муддати ду рӯз сеяки роҳ аз Исломобод то Лоҳурро дар як раҳпаймоии серҷамъияти тарафдоронаш пушти сар кард.

Дар як суханрониаш дар баробари беш аз 10 ҳазор тарафдорон дар Ҷаҳлум ӯ гуфт, ки қарори Додгоҳи олӣ зидди хоҳиши мардум буд. Вай гуфт, ки дар як дақиқа аз дафтар ронда шуд, вале ин тасмим таҳқири нахуствазир неву миллионҳо раъйдиҳандагон аст. Навоз Шарифро баъди он барканор карданд, ки дороиҳои қайднашудаи фарзандонаш дар манотиқи оффшорӣ расонаӣ шуд.

XS
SM
MD
LG