Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошине дар канораҳои Порис гурӯҳи низомиёнро пахш кард


Пулиси Фаронса макони ыодисаро масдуд кард
Пулиси Фаронса макони ыодисаро масдуд кард

Дар канораҳои Порис мошине гурӯҳи низомиёнро пахш кард ва аз ҷойи ҳодиса нопадид шуд. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters дар ин ҳодиса 6 нафар осеб дида, вазъи ду нафари онҳо вахим арзёбӣ мешавад. Пулис амалиёти вежаи ҷустуҷӯи ҷинояткорро оғоз кард.

Шаҳрдори Леваллуа-Перре, ки ҳодиса дар он ҷо ба вуқӯъ пайваст, ҳамлаи мошин ба низомиёнро амали тарҳрезишуда номид. Ба гуфтаи шоҳидон мошин дар назди сарбозхона қарор дошт ва берун шудани низомиёнро интизор буд.

Дар ду соли ахир шаҳрҳои Фаронса шоҳиди силсилаи амалҳои террористӣ шуданд, ки ва дастикам 200 нафарро қурбон карданд. Чораҳои амниятӣ дар ин кишвар таҳким ёфтаанд. Ошкор кардани ҳамлагарон қабл аз вуқӯи ҳодиса имкон надорад, зеро онҳо дар танҳоӣ амал мекунанд.

Моҳи июл порлумони Фаронса низоми вазъи фавқулоддаро барои ним соли дигар тамдид кард. Ин низом соли 2015, баъди силсилаи амалҳои террористӣ дар Порис раҳандозӣ шуд. Мақомоти Фаронса мехоҳанд вазъи фавқулоддаро баъди афзоиши салоҳиятҳои пулис ва хадамоти махсус лағв кунанд.

XS
SM
MD
LG