Пайвандҳои дастрасӣ

Путин "амнияту истиқлолият"-и Абхазистонро кафолат дод


Владимир Путин ва Раул Хадҷимба

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Маскав амният ва истиқлолияти минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон -- Абхазистонро кафолат медиҳад.

Ин нуктаро Путин 8 август дар мулоқот бо раҳбари Абхазистон Раул Хаҷимба баён дошт. "Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки мо амният, истиқлолият ва соҳибихтиёрии Абхазистонро кафолат медиҳем. Бовар дорам, ки дар оянда низ ин гуна хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Вазорати умури хориҷии Гурҷистон сафари Путин ба Абхазистонро маҳкум кард ва онро "нақзи марзи давлатии Гурҷистон ва идомаи сиёсатҳои ҳадафмандонаи Москва номид, ки алайҳи ин кишвар равона шудаанд".

Паймони НАТО низ аз сафари Путин ба Абхазистон дар солгарди оғози ҷанги Русияву Гурҷистон изҳори нигаронӣ кард. Ҷанги Русияву Гурҷистон 8 августи соли 2008 оғоз шуд ва 5 рӯз идома кард. Дар натиҷа, Маскав истиқлолияти ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷстон - Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт.

Дар Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳазорҳо сарбози Русия қарор доранд. Мақомоти Гурҷистон Маскав ва ҷудоихоҳонро ба он айбдор мекунанд, ки вақтҳои ахир баъзе аз қаламравҳои дигари ин кишварро ишғол кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG