Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳабси хонагии Улукаевро то ним соли дигар тамдид кард


Вазири пешини иқтисоди Русия Алексей Улукаев дар додгоҳи Маскав

Додгоҳи Замоскваретский ҳабси хонагии Алексей Улукаев, вазири пешини иқтиисоди Русияро ба ним соли дигар тамдид кард. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 8 август гузориш дод.

Улукаев моҳи ноябри соли гузашта дар дафтари "Роснефт" боздошт шуд. Ба гуфтаи тафтишот, мақомот ӯро дар ҳоле гирифтенд, ки барои арзёбии мусбати созиши харидории ширкати "Башнефт" ду миллион доллар талаб мекард.

Улукаев иттиҳомро рад мекунад. Баррасии аслии парвандаи ӯ ба 16 август барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи хабаргузории ТАСС, раҳбари "Роснефт" дар мурофиаи додгоҳӣ ба сифати шоҳид баромад мекунад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG