Пайвандҳои дастрасӣ

Шиъаҳои Ироқ мегӯянд, ки нерӯҳои Амрико ба онҳо ҳамла карданд


Ироқ - ҷангиёни шиъа дар ҳоли ҳамла ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"

Намояндагони гурӯҳи бонуфӯзи шиъаҳои Ироқ дар Бағдод гуфтанд, ки дастикам 40 сарбози ин гурӯҳ дар пайи ҳамла аз тарафи Сурия кушта шуд. Шиъаҳо дар ин ҳамла аз нерӯҳои амрикоӣ домангир шуданд. Намояндаи эътилофи таҳти назари ИМА, сарҳанги нерӯҳои пиёданизом Раян Диллон ин иддаоро рад кард.

Намояндаи милитсия Аҳмад ал Максусӣ гуфт, ки рӯзи душанбе нерӯҳои ИМА ба пойгоҳҳои онҳо дар ноҳияи Ҷамун аз тупхонаҳо тир кушоданд. Ин қаламрав дар 12 километрии марзи Ироқ ҷойгир аст. Намояндагии милится иддао кард, ки ба думболи ҳамла аз тӯпхонаҳо, ҳуҷуми ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" оғоз шуд. Максусӣ гуфт, ки аз 40 кушташуда 30 нафар сарбозони ӯ буданд.

Шиъаҳои Ироқ бо пуштибонии Эрон, дар ҷанг ба нерӯҳои содиқи президент Башор Асад кӯмак мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG