Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сокини Мурғоб барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ дар миёни сокинони ноҳия ба панҷ соли зиндон маҳкум шуданд.

Тибқи ҳукми додгоҳ, ки нусхаи он рӯзи 8-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, К.Манбетқулов ва Б.Асанов дар Ҷумҳурии Қирғизистон узви созмони мамнӯи “Ҷамоати таблиғ” шуда, барои ташвиқи ақидаҳои ифротӣ ба Мурғоб баргаштаанд. Додгоҳ гуфт, дар ҷараёни муҳокима "маҳкумшудаҳо гуфтаанд, ки "сокинони Мурғоб аз ислом дур шудаанд” ва бояд ба ташвиқ дубора онҳоро ба исломи асл баргардонд".

Мақомот мегӯянд, онҳо бо баҳонаи тарғиби исломи асл сокинонро барои пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав ташвиқ мекарданд.

Дар бораи худи маҳкумшудаҳо иттило дар даст нест, ҳамчунон ки маълум нест, ки мавқеи онҳо нисбати ҳукми додгоҳ чӣ будааст ва то куҷо худро гунаҳгор эътироф кардаанд. Дар бархе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон аз ноодилона ҳукм шудани худ шикоят мекунанд ва мегӯянд, танҳо намозгузор буданду аркони исломро иҷро мекарданд ва ҳеҷ ҳадафи тахрибкорӣ ваё нақзи қонунро надоштанд.

“Ҷамоати таблиғ” як созмони мазҳабист, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар аз соли 2009 мамнӯъ эълон шудааст. Даҳҳо пайрави ин созмон дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд, вале ин ҳодисаи камназир аст, ки дар як ноҳияи дурдасти кӯҳии Мурғоб, ки дар ҳудуди вилояти Бадахшон ҷойгир аст, ду сокини ноҳия бо чунин ҳукм айбдор дониста мешаванд.

Мурғоб дурдасттарин ноҳияи Тоҷикистон аст, ки 16 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксари сокинони ин ноҳия қирғизтаборонанд. Зиндагии аксар сокинони ин ноҳияи иқлимаш сарду баландкӯҳ аз ҳисоби чорводорӣ, аз ҷумла қӯтоспарварӣ мегузарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG