Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз боздошти 27 ҷангии марбут ба ДИИШ хабар дод


Эрон - ҳамлаи террористӣ ба порлумон
Эрон - ҳамлаи террористӣ ба порлумон

Эрон аз боздошти 27 ҷангии марбут ба гурӯҳи суннимазҳаби "Давлати Исломӣ" хабар дод, ки барномаи ҳамла ба ин кишварро тарҳрезӣ мекард.

Вазорати истихбороти Эрон рӯзи 7 август гуфт, ки ҳуввияти ин ҷангиён дар ҷараёни табодули иттилоъ бо кишвари дигари минтақа мушаххас шуд.

Ин ниҳод кишвари минтақа ва ҳамин тавр замони боздошти ҷангиёнро ошкор накардааст.

Вазорат мегӯяд, ки 10 нафар дар хориҷ боздошт шуд ба Эрон интиқол ёфт, 17 нафари дигар дар Эрон ба даст афтод. Ба гуфтаи истихбороти Эрон, панҷ нафар барномаи ҳамла ба марказҳои мазҳабии аксариятҳои шиъаро тарҳрезӣ мекарданд ва 12 нафар аз дастёрҳои онҳо буданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" масъулияти ҳамлаи 7 июн ба порлумони Эрон ва зиёратгоҳи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ - Оятуллоҳ Хоманеӣ дар Теҳронро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG