Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Солӣ - дар Озарбойҷон, Хисрав Соҳибзода дар Қатар сафир таъйин шуданд


Рустам Солӣ
Рустам Солӣ

Рустам Солӣ бо як фармони президент рӯзи 7 август сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъин шуд. Рустам Солӣ (Рустамҷон Солиев) то январи соли 2016 давоми 5 сол дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Белгия, намояндаи доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО кор кардааст.

Ҳамчунин бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 июл Зоҳир Саидов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва Гурҷистон озод карда шуд. Саидов бо сабаби гузаштанаш ба мақоми дигар аз ин мақом сабукдӯш шудааст.

Ҳамчунин бо як фармони президент, Исматулло Насрединов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Австрия ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА сабукдӯш шуд.

Дипломати дигари собиқадор Ардашер Қодирӣ, ки то имрӯз сафири Тоҷикистон дар Қатар буд, аз мақомаш озод шуд. Қодирӣ ҳам ба мақоми дигар таъин мешавад. Ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG