Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи ноиби нахуствазир барои садамаи маргбор боздошт шуд


Садамаи нақлиёт

Набераи Алӣ Ҳасанов, ноиби нахуствазири Озарбойҷон барои садамаи маргбор дар Боку боздошт шуд.

Вазорати дохилии Озарбойҷон гуфт, ки Нойил Аллаҳбердиев ба боздоштгоҳ интиқол ёфт ва таҳқиқи парванда идома дорад.

Биноба изҳороти Вазорати дохилӣ, Аллаҳбердиев дар таърихи 3 август, бо мошини тамғаи Mercedes SUV ду нафарро ҳалок ва ду нафари дигарро маҷруҳ кард.

Ба гуфтаи вазорат, ронандаи мошини дигар, ки як тарафи садама буд, низ боздошт шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки сарфи назар аз ҳушдорҳои ҷиддии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, мавридҳои суиистифода аз мақом ва содир кардани ҷиноят аз тарафи мансабдорони давлатӣ ва хонаводаҳои онҳо мушоҳида мешавад.

"Алайҳи мақомоти давлатӣ ва аъзои хонаҳодаи онҳо, ки талаби раҳбари давлатро ба инобат намегиранд, ба ҷомеа беҳурматӣ нишон медиҳанд ва қонуну тартиботро берҳмона поймол мекунанд, тадобири ҷиддӣ андешида мешавад", - омадааст дар изҳороти вазорати дохилии Озарбойҷон.

Гузоришҳои видеоӣ

Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG