Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба баргузории машқҳои "сафарбаркунии нерӯҳо ва таъмини амният" дар вилояти Суғд омодагиро оғоз кардааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод 7 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин манзур аз қисмати марказии Тоҷикистон ба шимоли кишвар техникаи низомӣ бо шумули танкҳову зиреҳпӯшҳо интиқол дода мешаванд. Вай гуфт, ки тобистони соли ҷорӣ машқҳои мушобеҳ дар вилояти Хатлону Бадахшон баргузор шуда буданд ва акнун чунин тамринот дар вилояти Суғд доир мешаванд. Вай афзуд, ки қарор аст ин машқҳо дар нимаи дувуми моҳи август сурат бигиранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ахиран аз шаҳри Хуҷанд баргашт, мегӯяд, ки воқеан дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ мошинҳои бузурги боркашеро мушоҳида кардааст, ки болояш танкҳову зиреҳпӯшҳо қарор доштанд.