Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард


Иттиҳоди Аврупо феҳристи таҳримҳояш алайҳи ширкату шаҳрвандони Русияро бештар кард ва муовини вазири энержии ин кишварро ба ин рӯйхат ворид намуд.

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки сабаби тасмимаш тағйири масири чаҳор қубури гази ширкати “Сименс” аз ҷануби Русия ба нимҷазираи Қрим аст. Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро, ки дар ҳудуди Украина аст, ишғол намуд.

Дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 4-уми август гуфтанд, ки Андрей Черезов, муовини вазири энержии Русия ва Евгений Грабчак, сардори яке аз раёсатҳои ин вазорат шомили листи таҳримҳо шуданд. Зеро, ба қавли дипломатҳои аврупоӣ, онҳо “бар зидди тамомияти арзии ҳокимият ва истиқлоли Украина” амал карданд.

Болои се ширкати русӣ низ таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ шудааст. Вазорати умури хориҷии Русия ин тасмими Иттиҳоди Аврупоро “ғайридӯстона” ва “ғайри қобили тавҷеҳ” хондааст.

Ширкати “Сименс” гуфтааст, ки қубури газ бар хилофи майли ин ширкат ба гунаи ғайриқонунӣ ба сӯи Қрим тағйири самт кардааст.

XS
SM
MD
LG