Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони ронандаи "Мерседес": Одил Шарифов нагурехтааст


Наздикони Одил Шарифов, ронандаи “Мерседес-Бенс”, ки ҳафтаи гузашта дар як садама дар маҳаллаи “Водонасос”-и Душанбе боис ба марги як нафар шуд, мегӯянд, фарзанди онҳо аз тафтишот фирор накардааст. Комил Шарифзода, падари Одил Шарифов, рӯзи 5-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, садама кори барқасдонаи писараш набуд. Одил Шарифови 24-сола сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аст.

Шумо нигоҳ кунед, бо оби дидаи чаҳор фарзандаш чӣ кор кунем? Магар дар онҷо ягон нозири роҳ набуд, ки ронандаро нигоҳ дорад?

“Ин як фалокат буд. Ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор накарда, баръакс, барои ба бемористон бурдани захмиён кумак намудааст. Ҳоло ҳам ба назди маҷрӯҳон ва хонаводаи фавтидаҳо рафта, дасти ёрӣ дароз мекунад”, - афзуд ӯ.

Комил Шарифзода гуфт, ин ҳолат метавонад ба сари ҳама биёяд ва хост, ки то замони анҷоми тафтишот аз ҳаргуна хулосабарорӣ парҳез шавад. Ӯ гуфт, “наздикони фавтидаҳо бо хашм сӯҳбат мекунанд ва мо онҳоро хуб дарк мекунем. Онҳо азизони худро аз даст додаанд. Вале ин нукта ҳам бояд гуфта шавад, ки фарзанди мо барқасдона ин корро накардааст. Ҳоло беҳтар аст, мунтазири тафтишот бошем.”

Маҳаллаи садамаи рӯзи 30-юми июл.
Маҳаллаи садамаи рӯзи 30-юми июл.

Идораи Бозрасии Давлати Автомобилии пойтахт ба тафтишоти садамаи рӯзи якшанбеи гузашта дар маҳаллаи “Водонасос” машғул аст. Мирзохон Саидов, сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло бозрасӣ идома дорад ва баъд аз анҷомаш ба хабарнигорон иттилоъ хоҳем дод".

Ҳоҷиниёз Ҷабборов, сокини Дашти Мирони ноҳияи Варзоб, дар ин садама писари 35-солааш Қурбоналӣ Ҷабборов, мутахассиси пешбари Вазорати дифоъро аз даст дод. Ӯ рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ронандаи “Мерседес-Бенс” баъди садама аз ҷойи ҳодиса фирор карда, то ҳол дар куҷо буданаш ба онҳо маълум нест. “Фарзанди ман ҳам мисли ӯ буд, мағзи сарашро зада баровард. Мегӯянд, ки ёрӣ медиҳанд. Шумо нигоҳ кунед, бо оби дидаи чаҳор фарзандаш чӣ кор кунем? Магар дар онҷо ягон нозири роҳ набуд, ки ронандаро дорад? Чаро рақами мошинро гирифта гурехт? Ронанда маст буд? Ҳушёр буд?” – суол гузошт ӯ.

Ҳоҷиниёз Ҷабборов
Ҳоҷиниёз Ҷабборов

Падари Қурбоналӣ афзуд, аз ин ҳодиса чанд рӯз мегузарад, вале на мақомоти тафтишотии умури дохилӣ ва на додситонӣ онҳоро даъват накарда, дар бораи ҳодиса маълумот надодаанд.

Мақомоти расмӣ ба ҷуз аз як хабари Вазорати умури дохилӣ дар бораи ин ҳодиса маълумоти дигаре надоданд. Хабари вазорат мегӯяд, садама рӯзи 30-юми июл рух дода, боис ба марги ду пиёдагард шуд. Вале аз касе ном гирифта нашудааст.

Мақомот мегӯянд, ки танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта ва 1419 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд. Дар чанд соли гузашта ҳам талафот дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар тӯли сол на кам аз 400 нафар будааст. Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд.

"Пулис буд, дурбини назоратӣ буд. Ронанда чӣ гуна гурехт?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

XS
SM
MD
LG