Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номид


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоӣ аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ интиқод кард ва онҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номид. Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 2 август баргузор шуд, Мирзиеёев гуфт, ки агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонӣ боқӣ мондаанд, барканор хоҳад кард.

Мирзиёев гуфт, ки додситонҳоро бад мебинам, ки зеро ҳангоми фаъолияташ дар мақоми раиси ноҳия аз муносибати ба гуфтаи ӯ "ин бевиҷдонҳо" бохабар буд. "Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам", - гуфт Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев мақомоти додситонии давраи президенти пешини Узбакистон Ислом Каримовро "партов" номид ва гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.

"Ҳанӯз ҳам 15-20 дар сади кормандони низоми пешини ғоратгар боқӣ мондаанд. Ё додситонӣ пурра аз ин гуна ашхос пок мешавад ё мо додситониро аз байн мебарем" гуфт раиси ҷуҳмури Узбакистон.

XS
SM
MD
LG