Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистону Чин корхонаи муштараки истеҳсоли бозича месозанд


Корхонаи муштараки истеҳсоли бозича дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Узбакистон сохта мешавад. Ширкати чинии Shandong Sanhe Toy дар якҷоягӣ бо Узбакистон ин корхонаро месозад. Ин тарҳи нав ва масоили дигари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар мулоқоти муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Лазиз Қудратов бо раиси ширкати Shandong Sanhe Toy Сонг Чжинюан баррасӣ шуд.

Намояндаи Узбакистон гуфт, ҳадаф аз ҳамкорӣ бо соҳибкорони Чин на танҳо сармоя ва даромади молӣ, балки ҳамчунин дастрасӣ ба технологияҳои нав, шеваҳои нави мудирият, стандарт ва сифат ҳам ҳаст. Shandong Sanhe Toy, ки соли 2005 таъсис шудааст, бозичаҳои нарм ва электрониро ба ИМА, Канада, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ғайра содир мекунад.

XS
SM
MD
LG