Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 17 соли дигари зиндон ба Бузургмеҳр Ёров


Додситон аз додгоҳе дар Душанбе хост, Бузургмеҳр Ёров, вакили собиқи дифоъро барои “таҳқири оммавии президент” ва “қаллобӣ” ба 17 соли зиндон маҳкум кунад. Ин талаби додситонӣ рӯзи 3-юми август садо дод.

Азбаски Бузургмеҳр қаблан ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст ва ҳадди аксари ҳабс дар Тоҷикистон 30 сол ваё ҳабси абадро ташкил медиҳад, додситон зимни мурофиа гуфт, ки мехоҳад, камаш 5 соли дигар ба ҳукми пешинаи вакили собиқ изофа шавад.

Мақомот то ҳол нагуфтанд, ки дар Ёров чӣ гуна президентро таҳқир кардааст. Азбаски мурофиа паси дарҳои баста мегузарад, ҷузъиёти ин иттиҳом ҳанӯз барои матбуот рӯшан нест.

Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиа дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки пойтахт баргузор шуд. Ӯ гуфт, “додситон барои моддаи “таҳқири оммавии президент” ба Бузургмеҳр 5 соли зиндон ва барои “қаллобӣ” 12 соли ҳабс хост. Вале бо таваҷҷӯҳ ба 25 сол ҳукми пешинааш гуфт, дар маҷмӯъ сӣ сол зиндонӣ шавад.”

Набиева гуфт, дар мурофиа дар чаҳорчӯби парвандаи “қаллобӣ” се ҷабрдида ҳам иштирок ва суханронӣ карданд. “Онҳо аз даъвояшон даст кашида, гуфтанд, ки бояд Бузургмеҳр озод шавад. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ бо зикри инки Бузургмеҳр чанд нафари дигарро дар вақти адвокатияш гӯё фиреб додааст, 12 соли зиндонро раво дид”, - гуфт ӯ.

Наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, ки дар ин мурофиа танҳо ҳамсараш ва вакили мудофеъ ҳузур доштанд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ қарор кардааст, ки рӯзи сешанбеи оянда Бузургмеҳр Ёров сухани охирини худро баён дошта ва баъди он додрас ҳукмро баррасӣ мекунад.

Заррина Набиева
Заррина Набиева

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28-уми марти имсол алайҳи Бузургмеҳр Ёров бо моддаи 137, қисми 2, яъне “таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ ва ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад” парванда боз кард. Мақомот то ҳол нагуфтанд, ки дар Ёров чӣ гуна президентро таҳқир кардааст. Азбаски мурофиа паси дарҳои баста мегузарад, ҷузъиёти ин иттиҳом ҳанӯз барои матбуот рӯшан нест.

Аммо худи Бузургмеҳр Ёров зимни дидор бо ҳамсараш дар боздоштгоҳи муваққатӣ гуфтааст, дар як мурофиаи додгоҳӣ ҳарферо ба забон овард, ки онро ҳамчун таҳқири президент арзёбӣ карданд. Баъд аз ин, ба гуфтаи ӯ, додситонӣ нисбаташ парвандаи нави ҷиноӣ боз намуд.

Бузургмеҳр Ёров дар пайи ду ҳукми додгоҳ дар моҳи октябри соли 2016 ва моҳи марти соли 2017, дар маҷмӯъ, ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ҳоле ки додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад, худи Ёрову наздиконаш ба сиёсӣ будани ангезаҳои он пофишорӣ доранд.

Онҳо мегӯянд, боздошти вакили дифои маъруф дар пайи изҳори омодагиаш ба ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ дар моҳи сентябри соли 2015 сурат гирифт. Дар оғоз Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ айбдор карда, дар ин ду соли охир чанд моддаи навро ба парвандаи вай илова карданд. Ёров аз ҳамон замон то имрӯз дар зиндон аст.

XS
SM
MD
LG