Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори мухолиф беш аз 11 сол ҳукми зиндон гирифт


Содир Ҷаъфаров

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 2-юми август мурофиаи додгоҳии вакили пешин ва сиёсатмадори мухолиф Содир Ҷаъфаровро ба охир расонд. Ӯ аз рӯи чанд моддаи ҷиноӣ 11,5 сол зиндонӣ шуд.

Содир Ҷаъфаров, аз ҷумла бо моддаҳои “Таҳдиди қатл”, "Гаравгонгирӣ", "Авбошӣ", "Истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" муҷрим шинохта шуд. Гап дар бораи гирдиҳамоии 7-уми октябри соли 2013 дар шаҳри Қарокӯл меравад.

Баъди ҳукм вакили дифои Содиров гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест. “Ин фармоиши мақомот буд, додгоҳ онро иҷро кард”, - гуфт вакили дифои Ҷаъфаров.

Ҳамзамон рӯзи 2-уми август додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек нисбат ба 5 шаҳрванди мухолиф, ки дар талоши ғасби ҳукумат айбдор мешуданд, ҳукм содир кард. Ба ин тартиб, Талгарбеков ва Колубоев 14 сол, Гусев ва Калматов ду солии шартӣ, Султонов 10 сол зиндонӣ шуданд. Ҳамаи айбдоршавандаҳо аз соли гузашта дар боздошт ҳастанд.

Айбдоршавандаҳо ва фаъолони шаҳрвандӣ ин ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтанд ба мо. "Чӣ гуна мешавад "облава"-ро аз байн бурд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG