Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додугирифти Суғду Узбакистон ба тақрибан 50 млн $ расид. ВИДЕО


Додугирифти Суғду Узбакистон ба 50 миллион доллар расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Додугирифти Суғду Узбакистон ба 50 миллион доллар расид

Дар шаш моҳи аввали имсол додугирифт миёни вилояти Суғд ва Узбакистон ба тақрибан 50 миллион доллар расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сад дарсад афзудааст. Масъулони Идораи гумруки вилояти Суғд рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарии худ афзоиши тиҷорат бо Узбакистонро ба гарм шудани муносибати Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя рабт доданд.

Аз вилояти Суғд ба Узбакистон умдатан маъдану семент, ноқил ва қубури полиэтиленӣ бурда, аз он кишвар ба шимоли Тоҷикистон нуриҳои минералӣ, яхдону телевизор, маҳсулоти қаннодӣ ва либосу матои пахтагӣ овардаанд.

Анвар Оқилов, сардори шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии раёсати мазкур гуфт, “дар шаш моҳи аввали соли равон аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ба Узбакистон ба маблағи беш аз 23 миллион доллар мол содир шуда, аз ин кишвар ба вилояти Суғд ба маблағи беш аз 25 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардидааст.”

Ба қавли ӯ, аз вилояти Суғд ба Узбакистон умдатан маъдану семент, ноқил ва қубури полиэтиленӣ содир гардида, аз он кишвар ба минтақаи шимолии Тоҷикистон нуриҳои минералӣ, яхдону телевизор, маҳсулоти қаннодӣ ва либосу матои пахтагӣ овардаанд.

Бино ба омори расмӣ, дар тӯли соли 2015 ҳаҷми гардиши молу коло миёни минтақаҳои шимоли Тоҷикистон ва Узбакистон ба 8 миллион доллар баробар буд ва ин рақам дар пайи гармии муносибатҳои байни ин кишварҳо соли гузашта ба беш аз 60 миллион доллар расид. Имсол танҳо дар 6 моҳи аввал вилояти Суғду Узбакистон ба маблағи наздики 50 миллион доллар додугирифт кардаанд.

Вилояти Суғди Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди 900 километр хатти марз ва 11 гузаргоҳи гумрукӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир танҳо гузаргоҳи марзиву гумрукии Фотеҳобод – Ойбек, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ барои гузари сокинону нақлиёт боз аст, гузаргоҳҳои дигар баста ва ё қисман фаъоланд. Вале мақомоти Тоҷикистону Узбакистон дар бораи содда намудани тартиби равуо барои сокинони марзӣ гуфтугӯ доранд.

XS
SM
MD
LG