Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико президенти Венесуэларо таҳрим кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи раиси ҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро таҳрим ҷорӣ кард ва ӯро "диктатор"-е номид, ки ба демократияи кишвараш таҳдид мекунад.

Вашингтон таҳримро рӯзи 31-уми июл, як рӯз пас аз райъдиҳии таъсиси сохтори Қонуни асосӣ эълон кард, ки ба гуфтаи мунтақидон ҳадафаш фишор ба порлумони таҳти назорати мухолифин аст.

Таҳрими ИМА, ки онро Вазорати молия эълон кард, дороиҳои Николас Мадуроро масдуд ва аз ҳамкории афроди Амрико бо ӯ ҷилавгирӣ мекунад. "Райъдиҳии ғайриқонунии рӯзи гузашта собит кард, Мадуро диктаторест, ки аз хоҳишҳои мардуми Венесуэла сарфи назар мекунад", - гуфт вазири молияи ИМА Стив Мнучин.

Овоздиҳии рӯзи 30-юми июл дар пасманзари хушунат ва эътирозҳои густарда ҷараён гирифт, ки дастикам 10 нафарро қурбон кард.

Иттиҳоди Аврупо баъд аз раъйдиҳии таъсиси сохтори нави Конститусионӣ, ки Мадуро онро "марҳилаи нави мубориза" дар ин кишвари гирифтори мушкили иқтисодӣ меномад, изҳори нигаронӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG