Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба боздошти донишҷӯёнаш дар Миср эътироз кард


Қанот Берик ва Йеламан Жазикхан
Қанот Берик ва Йеламан Жазикхан

Қазоқистон ба Миср нотаи эътирозӣ фиристод ва аз мақомоти Қоҳира талаб кард, ки сабаби боздошти шаш донишҷӯи қазоқро шарҳ диҳанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Анвар Жайнақов рӯзи 1 август гуфт, Остона ҳамчунин аз Қоҳира талаб кард, ки ба дидорбинии дипломатҳои қазоқ бо боздоштшудаҳо иҷозат диҳад. Шаҳрвандони Қазоқистон рӯзи 19 июл боздошт шуданд.

Жайнақов гуфт, мақомоти Миср то ҳол сабаби боздошти шаҳрвандони Қазоқистонро, ки барои забономӯзӣ ба Миср рафта буданд ва дар яке аз хонаҳои Қоҳира зиндаги мекарданд, шарҳ надодаанд.

То ҳол ҳуввияти танҳо ду донишҷӯ мушаххас шудааст.

Жайнақов қаблан гуфта буд, ки ин донишҷӯён ба тундгароёни мазҳабӣ рабт надоранд.

Қазоқистон мегӯяд, ки дар солҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар ба гурӯҳҳои тундрави Сурия ва Ироқ ҳамроҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG