Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср, ки алайҳи Қатар таҳрим эълом кардаанд, гуфтанд, дар ҳолатҳои изтирорӣ ба авиатсияи шаҳрвандии ин кишвар иҷозат медиҳанд, то аз роҳҳои ҳавоӣ истифода кунад. Тавре телевизионҳои Саудӣ рӯзи якшанбе иттилоъ доданд, аз 1 август 9 роҳи ҳавоӣ, аз ҷумла байналмилалӣ (осмони баҳри Миёназамин) барои ҳавопаймоҳои Қатар боз хоҳанд шуд.
Пештар кишварҳои чаҳоргона гуфта буданд, агар Қатар ваъда диҳад, ки сармоягузории терроризмро қатъ карда, ба умури дохилии ҳамсояҳо дахолат намекунад, омодаанд, гуфтугӯ бо Доҳаро оғоз кунанд. Вазирони умури хориҷии ин кишварҳо ахиран низоъ бо Қатарро дар шаҳри Манама, пойтахти Баҳрайн баррасӣ карданд.
Ин кишварҳо Доҳаро ба сармоягузории терроризм айбдор карда, аз 5 июн ҳама гуна робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ намуданд ва марзҳои худро низ бо он бастанд. Баъдан барои эҳёи робитаҳо бо Қатар 13 шарт, аз ҷумла қатъи ҳамкориҳо бо Эрон ва бастани телевизиони «Алҷазира»-ро пешниҳод карданд.