Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойтахти Туркманистон ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар рӯзи 29-уми июл аз мошин холӣ буд, чун бо амри раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, имрӯз мардум ҳақ надоштанд, бо мошин ба берун ва ҷойи кор бираванд.

Рӯзи 29-уми июл дар Туркманистон рӯзи дучархасаворӣ аст ва аз соати 7 субҳ то 7 шом идома мекунад. Ба гуфтаи матбуоти давлатӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамроҳ бо мақомоти баландпоя дар Ашқобод дар маъракаи дучархаронӣ ширкат карданд.

Бисёре аз роҳҳои пойтахт аз мошин холӣ буд ва мардум зери ҳарорати 41 дараҷаӣ ба ҷойи даркорӣ пиёда мерафтанд. Ба гуфтаи расонаҳои давлатӣ, маъракаи саросарии дучархаронӣ як омодагие барои мизбонии мусобиқоти варзишҳои размӣ дар Осиё аст, ки баъди 50 рӯз дар Туркманистон оғоз меёбанд.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG