Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба посгоҳи пулис дар Ҳилманд


Afghanistan -- Afghan security personnel sit on their armored vehicles amid an ongoing battle with Taliban militants in the Gereshk district of Helmand province, July 22, 2017
Afghanistan -- Afghan security personnel sit on their armored vehicles amid an ongoing battle with Taliban militants in the Gereshk district of Helmand province, July 22, 2017

Мақомот рӯзи 29-уми июл гуфтанд, дар натиҷаи ҳамла ба як посгоҳе дар вилояти Ҳилманди Афғонистон чанд афсари пулис куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Ҷузъиёт ва теъдоди дақиқи қурбониён дар ҳамлаи рӯзи 28-уми июл маълум нест, вале бино ба гузоришҳо 25 маъмури пулис аз дасти ҷангҷӯёни Толиб ҷон додаанд.

Атоулло Афғон, узви шӯрои вилоятии Ҳилманд гуфт, ки ҳамла дар ноҳияи Наво сурат гирифтааст ва дар натиҷаи он 12 афсари пулис кушта шудаанд ва 12 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Умар Звак, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд бо таъйиди хабари ҳамла ба посгоҳ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса ду маъмури пулис кушта ва 10 нафар захмӣ шудаанд. Телевизиони Тулӯъ аз марги 10 нафар хабар дод.

Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта гуфтанд, ки бо ҳамла ба посгоҳ 25 маъмури пулисро куштанд.

XS
SM
MD
LG