Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ба президент иҷозат надод салоҳияташро бештар кунад


Раиси ҷумҳури Молдова Игор Додон

Додгоҳи Қонуни асосии Молдова қарор кард, ки ҳамагуна талоши раиси ҷумҳур Игор Додон, барои афзун кардани салоҳияташ ба воситаи референдум, ғайриконститутсионӣ хоҳад буд.

Додгустари додгоҳи Қонуни асосӣ Тудор Пантиру қарори додгоҳро рӯзи 27 июл эълон кард ва гуфт, суолҳое, ки дар райъпурсӣ матраҳ мешаванд, хориҷ аз салоҳияти раиси ҷумҳур аст.

Президенти маскавгарои Молдова Игор Додон, моҳи март фармонеро дар бораи реферундум имзо кард, ки қарор аст 24 сентябр баргузор шавад. Дар райъпурсӣ моловагиҳо бояд ба ин суол посух диҳанд, ки оё ба президент иҷозат диҳанд,ки порлумонро пароканда ва интихоботи барвақтӣ эълон кунад. Онҳо ҳамчунин ба суоли дигар бояд ҷавоб диҳанд, ки теъдоди вакилон дар порлумони якпалатагӣ бояд 101 нафар бошад ё 71 нафар.

Ҳизби Ҳизби Либералии Молдова, ки аз мухолифини ҳукумати Додон ба шумор меояд, фармони ӯро ба чолиш кашид ва ғайриконститутсионӣ унвон кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG