Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумбиши Саакашвилӣ ҷонибдоронашро ба Майдон даъват кард


Ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ барои пуштибонӣ аз ӯ дар майдони Истиқлолият ҷамъ шуданд. 27 июли соли 2017
Ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ барои пуштибонӣ аз ӯ дар майдони Истиқлолият ҷамъ шуданд. 27 июли соли 2017

Ҷумбиши Михаил Саакашвилӣ - "Рух новых сил" барои эътироз алайҳи "бебандуборӣ"-и мақомоти Украина, рӯзи панҷшанбе ҷонидоронашро ба Майдон даъват кард.

Субҳи имрӯз Саакашвилиро аз шаҳрвандии Украина маҳрум карданд. Дар саҳифаи фейсбукии ҷумбиш омадааст, ки "мақомот ниҳоят чеҳраи аслиашонро нишон доданд."

Хадамоти муҳоҷирати Украина дар заминаи лағви шаҳрвандии Саакашвилӣ мегӯяд, ки маълумоти марбут ба сиёсатмадорро Доситони кулли Украина пешниҳод кард ва бар пояи ин маълумот гӯё Саакашвили дар Гурҷистон ҳукми ғоибонаи додгоҳӣ дорад.

Сиёсатмадор ба ин хабар бо пахши як видео вокуниш кард ва гуфт, ки мехост Украинаро як давлати воқеан аврупоӣ кунад.

Михаил Саакашвили то соли 2013 раиси ҷумҳури Гурҷистон буд. Ӯ паспорти Украинаро соли 2015, баъди таъин шуданаш ба мақоми раиси вилояти Одесса дарёфт кард. Моҳи ноябри соли 2016 Саакашвилӣ ин мақомро тарк кард ва сабабашро бефоида будани мубориза бо фасодкорӣ дар минтақа номид, ки ба гуфтаи ӯ президенти Украина Петро Порошенко "шахсан аз он пуштибонӣ мекунад."

XS
SM
MD
LG