Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовузи гурӯҳӣ ба як духтар дар Покистон


Пулис дар вилояти Панҷоби Покистон мегӯяд, ки 20 тан аз аъзои шӯрои як деҳаро дар Мултон, ки дастури таҷовузи гурӯҳӣ ба як духтари навҷавонро доданд, боздошт кардааст. Аллоҳ Бахш, як афсари пулис ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки Шӯрои қаря ба он хотир ин дастурро содир кардаанд, ки бародари ин духтари шонздаҳсола ба як духтари 12-солаи дигар, таҷовуз карда буд. Ба гуфтаи пулис, хонаводаҳои ин ду духтар бо ҳам хешованди наздик буданд. Пулис мегӯяд, ки ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки ҳар ду духтар таҷовуз шудаанд. Дар ҳамин ҳол рӯзномаи англисизабони Dawn хабар додааст, ки духтари 16-сола ба таври маҷбурӣ дар миёни издиҳом ва дар пеши чашми падару модараш таҷовуз шудааст.

XS
SM
MD
LG