Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хориҷиҳо иҷозаи хариди хона дар Тошканд дода шуд


Ҳукумати Узбакистон ба сокинони вилоятҳо, шаҳрвандони хориҷию афроди бешаҳрвандӣ расман иҷозат дод, ки дар пойтахти ин кишвар хона харанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, қарори Девони вазирони Узбакистон дар ин бора 19 июл содир шудааст.

Бар пояи қарори мазкур, сокинони вилоятҳои Узбакистон, ки дар сохтмонҳои нави шаҳри Тошканд бо 2500 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал хона мехаранд, ҳаққи будубоши расмиро дар пойтахти ин кишвар пайдо хоҳанд кард.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие, ки иҷозатномаи будубош дар Тошканд ё вилояти Тошкандро доранд, метавонанд ба маблағи на камтар аз 150 ҳазор доллари ИМА дар сохтмонҳои нави пойтахти Узбакистон хона харанд.

Тамоми масъалаҳои молии марбут ба қарордоди хариду фурӯши манзил бояд ба воситаи бонк сурат гирад. Ба сохтмонҳои нав бино ва иншооте шомил мешаванд, ки аз замони баҳрабардорияшон на бештар аз се сол сипарӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG