Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акрам Азимов хост, ки кормандони ФСБ-ро ба ҷавобгарӣ кашанд


Акрам Азимов

Акрам Азимов, зодаи Қирғизистон ва яке аз гумонбарони таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, хостори ба ҷавобгарӣ кашидани он кормандони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия шуд, ки ӯро дастгир кардаанд. Олга Динзе, вакили дифои Азимов, рӯзи 26-уми июл ба хабаргузории “Интерфакс” гуфт, ки зерҳимояш дар ин бора аризаи шикоятӣ навиштааст.

Азимов аз он шикоят кардааст, ки кормандони ФСБ ӯро ғайриқонунӣ боздошт ва ба қаламрави Русия ворид карданд. Ӯ гуфтааст, пеш аз боздошт дасташ норинҷак дода буданд, то изи ангуштон дар он боқӣ монад.

Вакили дифои Акрам Азимов аз қавли ӯ дар бораи як “ҷойи пинҳоние” низ хабар дод, ки нафари таҳти ҳимояташро шиканҷа кардаанд.

Вакилони дифоъ Дмитрий ва Олга Динзе рӯзи 24-уми июл аз Додситонии кулли Русия хостанд, то иттилоъ дар бораи “маҳбаси пинҳонии” ФСБ-ро тафтиш кунанд. Маҳбаси пинҳоние, ки дар бораи он Акрам ва бародараш Аброр Азимовҳо ба вакилони дифоъ нақл кардаанд.

Рӯзи 3-юми апрели имсол дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба амал омад, ки онро мақомот "як ҳамлаи террористӣ" номиданд. Дар он ҳодиса 16 нафар кушта ва наздик ба 50 нафар захмӣ шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ин таркишро Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистон, анҷом додааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Шоҳинҳои Испания - паррандаҳои маҳбуби шайхони араб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG