Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори занҳои олмонӣ дар байни боздоштшудаҳои ДИИШ бештар шуд


Афсарони пулиси Олмон дар назди Масҷиди Ал-Тақво

Вазорати умури хориҷии Олмон мегӯяд, ахиран ҳуввияти ду зани дигари олмонӣ ошкор шуд, ки якҷоя бо занҳои гумонбар дар узвияти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқ боздошт шуданд.

Вазорат мегӯяд, ҳуввияти ин занҳо дар ҳоле маълум шуд, ки намояндаи сафорати Олмон дар Бағдод ба қисмати шимоли Мавсил, макони нигаҳдории боздоштшудаҳо, сафар кард.

Мақомоти амниятии Ироқ мегӯянд, ки онҳо баъди озодсозии Мавсил аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар маҷмуъ 20 зани ҷангиро боздошт карданд, ки ҳамагӣ хориҷӣ буданд.

Бо ошкор шудани ҳуввияти ду нафари ахир теъдоди занҳои олмонӣ, ки гуфта мешавад дар сафи ДИИШ буданд, ба чаҳор нафар расид.

Мақомоти Олмон аз ин пеш ошкор шудани як духтари 16-сола бо номи Линда ва як зани дигари олмониро дар байни ДИИШ-иҳои боздоштшуда тасдиқ карданд.

Додситони Олмон рӯзи 24-уми июл гуфт, ки таҳқиқи қазияи Линда, бо гумони узвияти ӯ дар созмони террористии хориҷӣ, ҷараён дорад.

"Линда, ки як сол пеш баъди гароиш ба дини Ислом аз хона фирор кард, мегӯяд, ки аз карда пушаймон аст ва танҳо як хоҳиш дорад, ба канори хонаводааш баргардад", - навиштааст матбуоти Олмон.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 17-уми октябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG