Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили дарсҳои исломӣ тариқи интернет дар Узбакистон


Идораи мусалмонони Узбакистон дарсҳои онлайнии исломиро ба роҳ монд. Тавре маркази матбуотии идора хабар медиҳад, ин дарсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас ҳастанд. Дарсҳо ҳафтае се маротиба - рӯзҳои душанбе, сешанбе ва чаҳоршанбе ташкил мешаванд. Олимони машҳур ва омӯзгорони Донишгоҳи исломии Тошканд дарсҳои интернетиро таълим медиҳанд. Мавзуи тафсир, ақида, фиқҳ, шарҳи ҳадис, таҷвид ва забони арабӣ дар дарсҳо баён мегардад.

Гузоришҳои видеоӣ

"Ботлоқ". Шароити паноҳҷӯёни эронӣ дар Юнон. Филми мустанад. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:55 0:00
XS
SM
MD
LG