Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз Халиҷи Форс хомӯшона баргашт


Эрдуғон бо шоҳи Саудӣ ва Амири Қатар
Эрдуғон бо шоҳи Саудӣ ва Амири Қатар

Раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъди маъмурияти дурӯза, ки ҳадафаш миёнҷигӣ дар ҳалли мушкили Доҳа ва эътилофи таҳти сараварии Арабистони Саудӣ буд, Халиҷи Форсро хомӯшона тарк кард.

Эрдуғон рӯзи 24 июл бо Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ мулоқот анҷом дод ва бӯҳронеро баррасӣ кард, ки ба думболи он Арабистони Саудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср ҳамагуна равобит бо Доҳаро қатъ карданд.

Ҳеҷ маълумоте дар бораи дастёбии Эрдуғон ба муваффақият пахш нашудааст.

Хабаргузории давлатии Қатар - QNA гуфт, ки ҳокими Қатар "таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла бӯҳрони халиҷ ва талоши ҳалли баҳс бо роҳҳои дипломатӣ"-ро бо Эрдуғон матраҳ кард.

Чаҳор давлати Араб ва кишварҳои дигар, Қатарро ба пуштибонӣ аз тундгароёни исломӣ ва робитаи наздик бо рақиби минтақавӣ - Эрон муттаҳам мекунанд.

Доҳа иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин ҳамаба хотири хароб кардани равобити Қатар бо ҷомеаи байналмилалӣ анҷом мешавад.

Туркия тарафдори Қатар аст ва ба хотири намоиши пуштибонӣ ба пойгоҳи низомиаш дар Доҳа нерӯи иловагӣ фиристод.

Ийолоти Муттаҳида шарики Қатар ва ҳамзамон шарики чаҳор кишвари арабии дигар аст, ки бо Қатар дар ҳоли ихтилоф қарор доранд. Амрико низ дар Қатар пойгоҳи низомии бузург дорад, ки 10 ҳазор сарбоз дар он мустақар шудаанд.

XS
SM
MD
LG