Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп барномаи махфии кӯмак ба шӯришгарони Сурияро қатъ кард


Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки барномаи махфии пуштибонӣ аз шӯришгарони мухолифи Башор Асадро ба иллати оммавӣ, хатарнок ва бефоида буданаш қатъ кард.

Изҳори назари Трамп ду рӯз баъд аз тасдиқи ин хабар аз ҷониби фармондеҳи амалиёти вежа Генерал Тони Томас пахш шуд, ки гуфт, амалиёти чаҳорсола ба поён расид, аммо инро рад кард, ки қарор ба хотири ором кардани Русия қабул шуд.

Доналд Трамп рӯзи 24 июл дар твиттер навишт, ки нашрияи The Washington Post, дар бораи қатъи ин барномаи хатарнок ва серхарҷ далелҳоро тақаллубӣ дод.

Пайғоми Трамп посух ба навиштаи Washington Post буд, ки мегӯяд, ҳамкорӣ бо Русия калиди стратегияи Трамп дар Сурия шудааст.

Моҳи равон Русия ва Амрико дар масъалаи таъсиси минтақаҳои ташаннуҷзудо дар ҷануби Сурия ба созиш расиданд.

Президенти пешини Амрико Барак Обама, барномаи махфиро соли 2013 дар ҳоле тасдиқ кард, ки мухолифини Сурия барои шӯриш алайи президент Асад дар хориҷ пуштибон мекофтанд. Дар чаҳорчӯби ин барнома ҳазорҳо нафар таълими ҳарбӣ гирифтанд ва мусаллаҳ шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG