Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Афғонистон дар се рӯз се ноҳияро ишғол кард


Ҷангиёни Толибони Афғонистон
Ҷангиёни Толибони Афғонистон

Як мақоми Афғонистон гуфт, ки ҷангҷӯёни Толибон ноҳияеро дар ҷануби ин кишвар ишғол карданд ва бо ин теъдоди манотиқе, ки дар ин авохир ба дасти Толибон гузашт, ба се расид. Ноҳияи Ҷони Хел дар вилояти Пактиё, ҳаммарз бо Покистон, баъди ҷангҳои шадиди рӯзҳои ахир суқут кард.

Сардор Хон Малангзай, раиси Шӯрои вилоятӣ ба хабаргузории олмонии DPA гуфт, ноҳия субҳи рӯзи 25-уми июл, баъд аз даргириҳои густарда дар маркази ноҳия, ба дасти Толибон гузашт.

Аммо сухангӯи раҳбари пулиси вилоят мегӯяд, ки маркази ноҳия ҳанӯз таҳти назорати нирӯҳои амниятӣ аст, вале даргириҳо идома доранд.

Малангзай гуфт, ҷангҷӯёни Толибон қароргоҳи ҳукумат, ситоди пулис ва бемористонро оташ заданд. “Ҳарду тараф хисороти зиёд доранд”, - афзуд Малангзай.

Гурӯҳи Толибон бо пахши як изҳорот аз суқути Ҷони Хел хабар дод.

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 23-юми июл ноҳияи Тайвар дар вилояти Ғӯр ва ноҳияи Кӯҳистон дар вилояти Форёбро ишғол карданд.

XS
SM
MD
LG