Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи ривояти WBB шуд


Меҳрубон Сангинов
Меҳрубон Сангинов

Меҳрубон Сангинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи ривояти WBB (“World Boxing Board”) даст ёфт.

Ин қувваозмоӣ рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи Амрико баргузор шуд. Муштзани 21-солаи тоҷик Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.

То ин рақобат амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи ривояти WBB буд. Дар ин муваффақияти Меҳрубон Сангинов саҳми мураббиаш Сагатбек Мӯсохонов, мутахассиси қазоқ ва инчунин аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов бузург аст.

Дар айни ҳол муштзани тоҷик дар Лас-Вегаси ИМА, дар толори Флойд Мейвезер, таҳти раҳбарии мураббиаш Сагатбек Мӯсохонов тамрин мекунад.

XS
SM
MD
LG