Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон шабакаи 24-соатии хабарӣ таъсис дод


Бинои ҳукуммати Узбакистон дар хиёбони Истиқлолияти Тошканд
Бинои ҳукуммати Узбакистон дар хиёбони Истиқлолияти Тошканд

Узбакистон шабакаи 24-соатии хабарӣ таъсис дод, ки мақомот онро қадаме барои берун бурдани ин кишвари Осиёи Марказӣ аз инзиво унвон карданд.

Кормандони шабакаи “Узбекистон-24” нашри барномаҳои худро бо дуруд ба тамошобинон ва паёми “фурсати бедории Узбакистон фаро расид” оғоз карданд.

Онҳо гуфтанд, ки таъсиси шабакаи 24-соатӣ бо забони узбакӣ ва англисӣ ибтикори президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев буд.

Бобур Алихонов, ноиби раҳбари шабакаи Радио ва Телевизиони Узбакистон гуфт, шабака хабарҳоро бетарафонаву ботавозун ва бо ҳимоя аз мавқеи Узбакистон тақдим мекунад.

Қарор аст, ки дар оянда шабака гузоришҳоеро ба забони тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва қароқалпоқӣ пешниҳод кунад.

Шавкат Мирзиёев барои берун овардани Узбакистони дорои 30 миллион аҳолӣ, ки солҳо дар инзиво буд, баъди марги президенти худкома Ислом Каримов, дар моҳи сентябри сорли 2016, баъзе гомҳоро пиёда кардааст.

XS
SM
MD
LG