Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Лаҳистон тарҳи ислоҳоти адлияро вето мекунад


Намоиши эътирозӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон. Рӯзи 20-уми июли соли 2017

Анҷей Дуда, раиси ҷумҳури Лаҳистон (Полша), гуфт, тарҳи ислоҳоти зиддунақизи адлияро, ки боис ба ҳушдори Иттиҳоди Аврупо ва мавҷи эътирозҳо дар кишвар шуд, вето мекунад.

Дуда рӯзи 24-уми июл гуфт, аз се ду тарҳро лағв мекунад, ки ба гуфтаи мухолифин тақсими қудратро дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аз байн мебарад ва нуфузи ҳизби ҳокими "Қонун ва Адолат" бар додгоҳҳоро афзоиш медиҳад.

Тарҳи Додгоҳи олӣ ба вазири адлия, ки ҳамзамон додситони кулл аст, салоҳият медиҳад, додгустарҳоро таъин кунад.

Беш аз як ҳафта аст, ки дар саросари Лаҳистон намоишҳои эътирозӣ алайҳи ин қонун ҷараён дорад. Рӯзи 23-юми июл намоишгарон бо шиорҳои "Мо вето мехоҳем", "Озодии додгоҳ" ва "Лаҳистони озод" дар назди қасри раиси ҷумҳур ҷамъ омаданд.

Тарҳи ислоҳоти адлия истеъфои оҷили тамоми додгустарҳо, ба истиснои онҳое, ки бо амри раиси ҷуҳмур таъин шудаанд ва салоҳияти президент барои танзими додгоҳҳоро дар назар дошт.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо тарҳи қонунро ҳамчун нақзи мустақилии додгоҳҳо ва таҳдид ба волоияти қонун танқид карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG