Пайвандҳои дастрасӣ

Устопириён: Тамоми кӯшишро мекунам, ки аз Маҷористон бе медал барнагардам. САДО


Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – гуфт, ки аз ҳоло барои соҳиб шудан ба медали тилои Ҷоми ҷаҳонии ҷудо ё дзюдо дар Венгрия (Маҷористон) талош дорад. Ӯ рӯзи 23-юми июл, баъди ба даст гирифтани медали нуқраи Ҷоми ҷудои Аврупо дар шаҳри Мински Беларус, дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Комроншоҳи Устопириён 7-уми январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015 хатм кардааст. Ӯ аз сулолаи паҳлавонон Устопировҳо мебошад. Вай аз соли 2012 ба ҷудо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров мебошад. Баъдан таҳти раҳбарии Владимир Елчанинов тамрин кардааст. Ҳоло бо раҳбарии бародараш Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, машқ мекунад.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Комроншоҳи Устопириён соли 2013 дар Ҷоми Аврупо дар Киеви Украина ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин дар Хасавюрти Доғистон, дар Гран-прии Алматии Қазоқистон, дар Гран-прии Тошканди Узбакистон ҷойҳои сеюм, соли 2014 дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остонаи Қазоқистон ҷойи аввал, соли 2015 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувайт ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван ҷойи дуюм, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остона ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд ҷойи дуюм, соли 2016 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ҷойи аввал, соли 2017 дар Гран-прии Дюсселдорфи Олмон ҷойи ҳафтум, дар Гран-прии Анталияи Туркия ҷойи дуюм ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг ҷойи аввалро соҳиб шудааст.

Ӯ аввалин бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат кардааст.

Комроншоҳ гуфт, мусобиқаи Минск як навъ марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии дзюдо буд ва ӯ тавонистааст, ки ин зинаро паси сар гузорад. Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар Венгрия аз 28-уми август то 3-юми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Ин паҳлавони тоҷик, ки охири моҳи март аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохилии кишвар маҳрум шуд, рӯзи якшанбе дар вазни зери 90 кило дар Ҷоми ҷудои Аврупо дар Минск ба майдон баромад. Ӯ баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Виктор Клиавусау (Беларус) ва Александр Федосов (Русия), дар даври баъдӣ аз Ли Кохман (Исроил) шикаст хӯрд. Комроншоҳ дар мубориза барои медали биринҷӣ бар ду гуштигири Маҷористон - Заболкс Крижан ва Габор Вер – дастболо шуда, мақоми севумро касб кард.

Дар вазни зери 90 кило Яҳор Варапаеви беларус, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ли Кохмани исроилӣ ғолиб омад, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо 2160 имтиёз дар мақоми чаҳорум аст. Вале рақибони аслиаш дар Ҷоми Аврупо дар Минск, дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо нисбат ба Комроншоҳ дар зинаҳои поёнтар ҷойгир шудаанд. Варапаев бо 458 имтиёз дар зинаи 49-ум ва Кохман бо 400 имтиёз дар зинаи 54-ум қарор доранд.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон – Садр Боев, Кароматулло Ҳакимов ва Маҳмадрасул Саидумаров – дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, тӯли як ҳафтаи дигар барои иштирок дар тамринҳои дастҷамъӣ дар Беларус монда, сипас ба Олмон хоҳад рафт. Ӯ гуфт, аз 1 то 25-уми август дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ҳамроҳи мураббии наваш Воҳид Сарлак ва бародараш Фаридун Устопиров ба Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳри Будапешт, пойтахти Венгрия, омодагӣ мебинад.

“Ҳамаи кӯшиш барои медали тилои Чемпионати ҷаҳон аст. Ҳама варзишгарон барои медал мераванд. Омодагиамон ҷиддӣ аст ва ноумед нахоҳем кард”, - афзуд ӯ.

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 28-уми марти имсол барои дашном додан дар мусобиқае дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум шуд. Баъд аз ин қарор ӯ дар чанд сабқати минтақаӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, аз ҷумла дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг, соҳиби медали тило гардид.

Соли гузашта низ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода ва соҳиби медали тилло гардида буд. Зимнан, ӯ нахустин гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG