Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Саудӣ то Кувейт. Эрдуғон барои ҳалли бӯҳрони Қатар рафт


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, сафари дурӯзаашро ба Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Қатар оғоз мекунад. Ин сафари Эрдуғон ба дунболи буҳрони миёни Саудӣ ва баъзе кишварҳои дигар бо Қатар сурат мегирад.

Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва бархе аз кишварҳои дигар тамоми равобити дипломатӣ ва тиҷоратии худро бо Қатар қатъ карданд. Ин кишварҳо иддао доранд, ки Қатар тундравони исломиро сарпарастии молӣ карда, бо Эрон – рақиби минтақавиашон –равобити наздик дорад. Қатар ин иддаоро рад мекунад.

Қарор аст, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 23-юми июл, пеш аз рафтан ба Кувайт, бо Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ мулоқот кунад. Аммо Эрдуғон рӯзи якшанбе, қабл аз сафараш, дар як нишасти матбуотӣ дар Истанбул, гуфт, "тӯлонӣ шудани ин бӯҳрон ба нафъи ҳеҷ кас нест. Ҷаҳони Ислом ба ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ ниёз дорад, на тақсимоти нав."

Кувейт дар заминаи дарёфти роҳи ҳал ба буҳрони миёни Саудӣ ва Қатар минёҷигарӣ мекунад. То кунун талошҳои байналмилалӣ бо шумули Амрико барои ҳаллу фасли ин буҳрон ба нокомӣ анҷомидааст.

XS
SM
MD
LG